сабук

сабук
[سبک]
1. камвазн; муқоб. вазнин, гарон
2. андак, кам; лабханди сабук, изтироби сабук, табассуми сабук; ҷазои сабук ҷазои андак, ҷазои начандон сахт; сабук шудани гуноҳ кам шудани гуноҳ
3. хафиф; нарм, мулоим: боди сабук
4. осон; ба осонӣ; муқоб. душвор; кори сабук, сабук бардоштан; сабук нафас гирифтан
5. ҷусту чолок (дар рафтор ва кор), чобук; чобукона; тез, басуръат
6. маҷ. бетамкин, бемулоҳиза (нисбат ба одам); муқоб. вазнин, батамкин; сабук будан а) камвазн будан; б) маҷ. бемулоҳиза ва беандеша будан, бетамкин будан (одам); сабук кардан кам кардан (бор, харҷ, қарз ва м. инҳо); сабук шудан а) аз зери бор ва вазнинии чизе раҳо шудан, камбор шудан, зоидан; в) маҷ. беандеша будан, бемулоҳиза кору рафтор кардан; г) маҷ. аз шиддати беморӣ раҳо ёфтан, аз беморӣ ба по хестан, худро каме беҳтар ҳис кардан, рӯ ба беҳбудӣ овардан аз беморӣ; бемории сабук касалии на он қадар хавфнок, касалии андак; хӯроки сабук хӯроки зудҳазм; сабук(тар) карда гуфтан бе воҳима гуфтани чизе ба касе; худро сабук ҳис кардан а) худро озод ва беғам ҳис кардан; фориғбол будан, камташвиш шудан; б) беҳтар шудани саломатӣ, шифо ёфтан. сабук-сабук а) андак-андак, кам-кам; б) нармнарм, бомулоимат

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "сабук" в других словарях:

  • сабукӣ — [سبکي] 1. сабук будан, вазни зиёд надоштан, камвазнӣ 2. осонӣ, саҳлӣ (дар коре) 3. имтиёз додан, гузашт кардан 4. маҷ. бетамкинӣ, бемулоҳизагӣ; рафтори ношоями бачагона; бо сабукӣ ба осонӣ, бедушворӣ, бахайр; сабукӣ кардан рафтори кӯтоҳандешона… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукҷон — [سبک جان] кит 1. беҷуръат, тарсончак 2. ором, безарар …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукҷонӣ — [سبک جاني] 1. беҷуръатӣ, тарсончакӣ 2. оромтабиатӣ, безарарӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукқадам — [سبک قدم] фархундапай, хуҷистапай, муборакқадам …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукҷилав — [سبک جلو] ниг. сабукъинон …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукҷусса — [سبک جثّه] одами ҷуссааш на чандон калон; муқоб. қавиҷусса …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • осон — [آسان] саҳл, сабук; муқоб. душвор; кори осон кори саҳл, кори сабук; роҳи осон роҳи сабукгузар; осон будан саҳл будан, мушкил набудан, сабук будан; осон кардан (кореро, мушкилеро) саҳл гардондан, сабук кардан; осон шудан саҳл шудан, сабук шудан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сабукак — [سبکک] шакли тасғири сабук; хеле сабук …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сангин — [سنگين] 1. аз санг сохташуда, сангӣ 2. гарон, вазнин; муқоб. сабук 1 3. маҷ. бовиқор, ботамкин, вазнин; муқоб. сабук 6 …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Масаи-Мара — Maasai Mara National Reserve …   Википедия


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»